Ссылки доступа

Арчаи 25-метрӣ дар маркази Душанбе (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Қаҳрамони ҷаҳон" дар бахши допинг кист? Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук бештар аз 300 варзишкорро аз 64 кишвари ҷаҳон барои истеъмоли допинг аз ширкат дар бозиҳо маҳрум кард (инфографика)

- Вакил: "Танҳо муассисаҳои давлатӣ ҳаққи таълими диниро доранд". Бар асоси ислоҳи “Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, дар Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои динӣ манъ шуда, масъулияти омӯзиши динӣ танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вогузор карда шуд (видео)

- Арчаи 25-метрӣ дар маркази Душанбе. Дар маркази пойтахт насби арчаи солинавӣ шурӯъ шудааст. Масъулини шаҳрдории Душанбе субҳи 6 декабр гуфтанд, ки арчаи зинда бо баландии 25 метр дар маркази майдони Дӯстӣ ва дар рӯбарӯи муҷасамаи Исмоили Сомонӣ (видео)

- Ҷанги нафсу виҷдон. Филми зидди кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистон. Филми нави “Таксӣ”, ки шоми 4-уми декабр дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ҳодисаи рабуда шудани як кӯдаки ҳафтсола дар шаҳри Душанберо ба тасвир кашидааст (видео)

- Банкоматҳои "Ориёнбонк" ҳам бепул монд? Муштариёни “Ориёнбонк» яке аз чор бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ду моҳ инҷониб банкоматҳои ин бонк аксаран пул надоранд ва онҳо дар гирифтани маблағҳои хеш мушкилӣ мекашанд (видео)

- Раиси зиндон: Зайд Саидов дар рӯйхати зиндониҳои "рӯ ба фирор" аст. Мақомоти раёсати зиндонҳои Тоҷикистон хабари шиканҷа ва, ҳамин тавр, бад шудани вазъи саломати Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноатро рад карданд. Аммо гуфтанд, ки ӯ дар феҳристи афроди “рӯ ба фирор” қарор дорад (видео)

- Магар ҳамин мусулмонист? Волидони баъзе ҷавонони тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, мегӯянд, коре ки фарзандонашон кардаанд, на ба шариати ислом мувофиқ аст ва на ба қонунҳои илоҳӣ (видео)

- "Агар ман чунин тасмим бигирам, шумо аз ман ҷонибдорӣ мекунед?" Путин ба суоли ин ки оё дар интихобот ширкат мекунад, посух дод (видеои Настоящее время)

- Баъд аз сухтор хонавода бе сарпаноҳ монд. Дар Петропавловск як хонавода бо чаҳор фарзанд баъди сухтор бе сарпаноҳ мондааст (видео)

- 100 сол пеш Финландия аз Русия ҷудо шуд. Бо шаҳрҳои финландӣ, ки дар ҳайати СССР боқӣ монданд, чӣ рух дод? (видеои Настоящее время)

- «Вақте зиндагӣ имтиҳон аст... ». Қирғизистониҳои маъюб чӣ ҳол доранд. 3 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналхалқии маъюбон таҷлил мешавад (видео аз Директ)

- «Садои Амрико» ва Радиои Озодӣ дар Русия "агенти хориҷӣ" эътироф шуданд (видеои Настоящее время)

- Кумитаи байналхалқии Олимпӣ тими Русияро аз ширкат дар Олимпиадаи 2018 барканор кард. Варзишкорон ба ин қарор чӣ гуна вокуниш карданд (видео аз Директ)

- Талоши ҳамла ба лагери хаймаҳо ва 24 соат барои Саакашвилӣ. Дар Киев чӣ мегузарад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG