Ҷаббор Аҳмадов, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ҳамчунин бар пояи ин тағйиру иловаҳо, минбаъд танҳо сохторҳои давлатӣ метавонанд ба таҳсили мазҳабӣ машғул шаванд.
Тоҷикистон тайи чанд сол ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ буд, ки дар он ҳизби дорои хусусияти динӣ амал мекард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, соли 2015 бо айби даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ баста шуд.
Тағйиру иловаҳои дигар нақши давлатро дар ташкили сиёсати динии кишвар пурзӯртар карданд. Дар Тоҷикистон аллакай чанд сол мешавад, давлат идораи умури динро ба даст гирифта, Шӯрои уламои кишварро пурра назорат мекунад ва имомон монанди хидматчиёни давлатӣ маош мегиранд.
Вакили Маҷлиси намояндагон афзуд, ки мақомоти маҳалҳо низ вазифадор шудаанд, ҳангоми номгузорӣ дар масҷидҳои нав аз гузоштани исми сармоягузорон худдорӣ карда, бештар ба номи чеҳраҳои фарҳангиву таърихии исломӣ авлавият диҳанд.