Ссылки доступа

Шӯрои амният тасмими Трамп дар бораи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунад


Шӯрои амнияти СММ роҷеъ ба тасмими президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи эътирофи шаҳри Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад. Дар ин бора Рейтер иттилоъ додааст.

Баргузории ин ҷаласаро аз дабири кулли СММ Антонио Гуттереш 8 узви Шӯрои амният – Фаронса, Боливия, Миср, Итолиё, Сенегал, Шветсия, Бритониё ва Уругвай хостор шудаанд. Интизор меравад, ҷаласаи мазкур рӯзи ҷумъа, 8 декабр баргузор шавад.

Президенти ИМА Доналд Трамп 6 декабр гуфт, "фурсати он расидааст, ки Байтулмуқаддасро расман пойтахти Исроил эътироф кунем". Ӯ 6 декабр ҳамчунин афзуд, ки дастур додааст, то барои кӯч додани сафорати кишвараш аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас омодагӣ бинанд.

Раҳбарони кишварҳои араб тасмими Трампро сахт интиқод кардаанд. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Федерика Могеринӣ гуфт, аз ҳама гуна иқдоме, ки дар оянда монеи имзои созишномаи сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиён мешавад, бояд худдорӣ кард. Вазорати умури хориҷии Фаронса изҳор дошт, ки мақоми Байтулмуқаддас бояд дар натиҷаи гуфтугӯи Фаластин ва Исроил муайян гардад.

Дабири кулли СММ дар шарҳи тасмими Трамп гуфт, “ҳамеша зидди иқдомҳои якҷонибае ҳаст, ки дурнамои ҳалли осоиштаи баҳси фаластиниҳо бо исроилиёнро зери хатар қарор медиҳанд”.

XS
SM
MD
LG