Ссылки доступа

Дар Андиҷони Ӯзбекистон як падар духтари 8-солаашро бӯғӣ кард

Дар ноҳияи Булакбашини вилояти Андиҷони Ӯзбекистон сокини маҳаллӣ Диёрбек Юлдошев бо айби бӯғӣ кардани духтари 8-солааш боздошт шуд. Ба иттилои мақомот, мард духтарашро бо роҳи бӯғӣ кардан кушта ва ҷасади ӯро дар хандақе партофтааст.

Ҷасади беҷони Севара Юлдошеваи 8-соларо, ки 23 октябр беному нишон шуда буд, 2 декабр пайдо карданд.

Дар бозпурсӣ мард ба куштани духтараш иқрор кардааст.

Як нафари наздик ба Диёрбек Юлдошев гуфт, ин мард ба далели рашк ба ҳамсари пешинаш ва нахостани пардохти алимент, ба куштори духтараш даст задааст. "Диёрбек ду сол пеш аз ҳамсараш ҷудо шуда, бо зани дигар издивоҷ кард. Вай барои ягона духтараш алимент мепардохт. Диёрбек ҳеч куҷо кор намекард", - мегӯяд як сокини маҳаллӣ.

Дар ҳоли ҳозир нисбати Диёрбек Юлдошев бо моддаи "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG