Ссылки доступа

Сабти нахустин филми зидди кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистон (видео)


Филми нави “Таксӣ”, ки аввали ҳафта дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ҳодисаи рабуда шудани як кӯдаки ҳафтсоларо дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашидааст. Файзуллои Файз – коргардони филм – гуфт, ин ҳодиса воқеӣ буда, соле қабл дар пойтахт рух дод ва вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

Ӯ гуфт, нақши асосии филм, яъне ронандаро Абдукарим Машрабов, ҳунарманди ҷавони тоҷик, бозидааст. “Як ронандае, ки мисли садҳо нафари дигар аз мардум ҳамсару фарзанди бемор дорад ва шабурӯз кор мекунад, то пул ба даст биёрад. Аммо пешорӯяш нафсу виҷдон истодааст ва бояд якеро интихоб кунад”, - афзуд Файзуллои Файз.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, ки аз аввалин бинандаи ин филм аст, гуфт, “вижагии ин филм касбият ва диди тозаи коргардони ҷавонро бозгӯ мекунад ва ин имкон медиҳад, коргардон дар эҷоди филмҳои калонҳаҷм ҳам муваффақ шавад.”

Файзуллои Файз муддати панҷ сол мешавад, ки дар риштаи филмофарӣ кор мекунад. Ӯ то имрӯз чаҳор филми дигар – “8-уми март”, “Дар ҳеҷ макон”, “Бе нафас” ва "Таърихи мустанади Тоҷикистон"-ро рӯи навор овардааст. Тавре худаш мегӯяд, ҳоло бо рушди фанновариҳо имкон бештар мешавад, то филмҳои кӯтоҳро бар асоси мушкилоти доғи ҷомеа рӯи навор овард.

​Дар Тоҷикистон ҳадди ақал панҷ ҳодисаи нопадидшавии кӯдакон ва пайдошавии ҷасади онҳо дар се соли ахир расонаӣ шуда, нигаронии ҷомеаро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG