Ссылки доступа

Рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон камчин шуд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 6-уми декабри 2017 (HD)

- Вакил: "Танҳо муассисаҳои давлатӣ ҳаққи таълими диниро доранд". Бар асоси ислоҳи “Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, дар Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои динӣ манъ шуда, масъулияти омӯзиши динӣ танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вогузор карда шуд (видео)

- Рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон камчин шуд? Худдории аксари бонкҳо аз конвертатcия ё табдили асъори хориҷӣ ташвиши онҳоеро, ки мехоҳанд барои наздикони худ ба хориҷа пул фиристанд, бештар намудааст. Ҳамакнун сокиноне, ки, барои мисол, мехоҳанд ба фарзанди донишҷӯи худ ба Русия пул фиристанд, бояд на бо сомонӣ, балки бо рубл вориди бонк шаванд. (видео)

- Арчаи 25-метрӣ дар маркази Душанбе. Дар маркази пойтахт насби арчаи солинавӣ шурӯъ шудааст. Масъулини шаҳрдории Душанбе субҳи 6 декабр гуфтанд, ки арчаи зинда бо баландии 25 метр дар маркази майдони Дӯстӣ ва дар рӯбарӯи муҷасамаи Исмоили Сомонӣ (видео)

- Ҷанги нафсу виҷдон. Филми зидди кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистон. Филми нави “Таксӣ”, ки шоми 4-уми декабр дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ҳодисаи рабуда шудани як кӯдаки ҳафтсола дар шаҳри Душанберо ба тасвир кашидааст (видео)

- Банкоматҳои "Ориёнбонк" ҳам бепул монд? Муштариёни “Ориёнбонк» яке аз чор бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ду моҳ инҷониб банкоматҳои ин бонк аксаран пул надоранд ва онҳо дар гирифтани маблағҳои хеш мушкилӣ мекашанд (видео)

- “Дар ҳафтод соли Шӯравӣ ба ҷашни Соли нав одат кардем”. Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки соли навро дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн хоҳанд гирифт. (видео)

- Раиси зиндон: Зайд Саидов дар рӯйхати зиндониҳои "рӯ ба фирор" аст. Мақомоти раёсати зиндонҳои Тоҷикистон хабари шиканҷа ва, ҳамин тавр, бад шудани вазъи саломати Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноатро рад карданд. Аммо гуфтанд, ки ӯ дар феҳристи афроди “рӯ ба фирор” қарор дорад (видео)

- Магар ҳамин мусулмонист? Волидони баъзе ҷавонони тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, мегӯянд, коре ки фарзандонашон кардаанд, на ба шариати ислом мувофиқ аст ва на ба қонунҳои илоҳӣ (видео)

- Трамп Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф кард. (видео)

- Путин мехоҳад, боз президенти Русия шавад. (видео)

- Маликов: Бояд қолабҳоро шикасту Исломи воқеиро нишон дод, ки чи аст. Руҳонии маъруф Қодир Маликов дар бораи Ислом ду китобро муаррифӣ кард. Муаллиф дар бораи муносибатҳо байни дину дунявият мегӯяд. (видео аз Қирғизистон)

- Visa хидматрасонӣ ба воситаи кортҳоеро қатъ кард, ки бонкҳои Туркманистон додаанд. Барои чӣ ва чӣ бояд кард? (видеои Настоящее время)

- "Қаҳрамони ҷаҳон" дар бахши допинг кист? Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук бештар аз 300 варзишкорро аз 64 кишвари ҷаҳон барои истеъмоли допинг аз ширкат дар бозиҳо маҳрум кард (инфографика)​

- Чаро Путин иштирокашро дар интихоботи соли 2018 ҳоло эълом кард? (видеои Настоящее время)

- Баъд аз сухтор хонавода бе сарпаноҳ монд. Дар Петропавловск як хонавода бо чаҳор фарзанд баъди сухтор бе сарпаноҳ мондааст (видео)​

- Муқоиса: Путин дар номзадияш чи ваъда доду дар президентияш чи корҳоро тавонист анҷом диҳад. (видеои Настоящее время)

- "Ин ид ба тоҷикон лозим нест! Иди мо Наврӯз аст". Посухи бархе аз сокинони Душанбе ба суол дар бораи он ки Соли навро ҷашн мегиранд, ё не. (видео аз Директ)

- Трамп гуфт, сафорати ИМА эҳтимол аст, ба Байтулмуқаддас кӯч бандад. Дар Фаластин эътироз доранд. (видеои Настоящее время)

- Дар Тифлис ба ҷонибдорӣ аз Саакашвилӣ тазоҳурот карданд. (видео аз Директ)

- Охирин занбӯруғҳо: хусусиятҳои "шикори ором"-и зимистона дар Қрим. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG