Ба иттилои расонаҳо, аз ҷумла бар пояи ин фармон, 956 нафаре аз зиндон раҳо хоҳанд шуд, ки бо сабабҳои гуногун даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳоло сидқан тавба кардаанду мехоҳанд, ислоҳ шаванд ва дар маҳбасу маҳалли зисташон низ рафтори онҳо мусбат арзёбӣ гаштааст.
Президент Шавкат Мирзиёев 29 сентябри соли равон бо имзои як қарор дастур дод, ки барои афви маҳбусон бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ӯзбекистон тамоми асноди лозимӣ ҷамъоварӣва ба иҷрои он омодагӣ дида шавад.