Ссылки доступа

Дар Ишқобод як фаъоли ҷамъиятиро бо духтараш ба самти номаълум бурданд

Рӯзи 7 декабр афроди номаълум дари манзили ҳомии ҳайвонот Галина Кучеренкоро шикастанд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, одамони ношинохта фаъоли ҷамъиятиро бо духтараш - Валерия Кучеренко ба самти номаълум бурданд.

Нимаи дувуми рӯз Валерия раҳо карда шуд, аммо то ҳол аз Галина Кучеренко хабаре нест. Галина Кучеренко тавонист пеш аз ворид шудани афроди ношинос ба манзилаш, ба ҳомии ҳуқуқ Наталя Шабунтс хабар диҳад.

Шабунтс ба мушовир дар умури ҳуқуқи инсони Маркази минтақавии СММ Жером Буиж дар бораи рабуда шудани Кучеренко хабар дод. Шабунтс мегӯяд, назди манзили Кучеренко мошини пулисро дидааст.

"Ман ба онҳо гуфтам, ки ҷанҷоли байналхалқӣ хоҳад шуд. Онҳо ба куҷое занг заданд ва насаби маро пурсиданд", - гуфт Шабунтс.

Галина Кучеренко барои навиштаҳои танқидиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ин замон борҳо аз сӯи мақомот таҳдид шунидааст. Вай асосан аз қатли сартосарии ҳайвонҳои хонагӣ дар Туркманистон эътироз мекунад, инчунин барои дастарӣ ба интернет ҳақталошӣ дорад.

XS
SM
MD
LG