Ссылки доступа

Дар Қирғизистон омӯзгори бадахлоқ ҷазо гирифт


Додгоҳе дар шаҳри Қароқули Қирғизистон омӯзгори мактаби миёнаро дар рафторҳои шаҳватангез нисбати як духтарчаи 7-сола айбдор дониста, ӯро шартан 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба ҷуз ин, омӯзгор ҳақ надорад, давоми се сол фаъолияти омӯзгорӣ кунад.

Бино бар иттилои тафтишот, моҳи июли соли ҷорӣ марди 44-сола хонандаи синфи 1-ро ба таҳхонаи манзили навбунёд дароварда, нисбати вай ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом додааст. Хонандаи синфи 1 дар ин бора ба наздиконаш нақл кардааст.

XS
SM
MD
LG