Ссылки доступа

Қирғизистон мехоҳад, ниёзашро ба ангишти қазоқӣ коҳиш диҳад


Раиси Кумитаи давлатии саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон Улан Рискулов дар суҳбат бо коргарони ширкати "Қирғизангишт" гуфт, имрӯз вазифаи асосӣ таъмин кардани сокинони кишвар бо ангишти ватанӣ аст.

Ба гуфтаи ӯ, баҳси ахир дар марзи Қирғизистону Қазоқистон, ки боис шуд, ҳудуди 2 моҳ ба ин кишвар ангишт ворид нашавад, нишон дод, "қирғизистониҳо метавонанд, бе ангишти қазоқӣ зиндагӣ кунанд".

"Сокинонро ангиштканони маҳаллӣ бо сӯзишворӣ таъмин карданд. Ҳарчанд баланду пастшавии нархҳо баъзан мушоҳида шуд, вале мушкили норасоии ангишт пеш наомад", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии кумита аз қавли Рискулов.

Рискулов афзуда, ки Қирғизистон солона ба 1,8 млн тонна ангишт ниёз дорад ва ҳукумати ин кишвар ҳоло тасмим гирифтааст, ки истихроҷи ангишти дохилиро то ба 1,5 млн дар сол афзоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG