Ссылки доступа

Эътирози наздик ба 200 нақбкани Қазоқистон

Наздики 200 нақбкани басти шабона дар вилояти Қарағанда субҳи 11 декабр бо нишони эътироз аз нақб берун набаромаданд. Ширкати "АрселорМиттал Темиртау", ки нақбҳои мазкур ба он тааллуқ доранд, мегӯяд, эътирози коргарон ғайриқонунист.

Ба иттилои ширкати корфармо, аз чаҳор нақб қисме аз коргарон бо нишони эътироз ба берун набаромаданд. "Нақбҳои боқимонда корашонро идома медиҳанд", - хабар медиҳад ширкат.

Мақомоти вилояти Қарағанда мегӯяд, вазъиятро зери назорат дорад ва "дар доираи қонунгузории меҳнат гуфтугӯ бо эътирозгарон шуруъ шудааст".

Бино бар хабарҳо, коргарони норозӣ баланд бардоштани музди меҳнат, беҳсозии шароити корӣ, барқарории нафақаи боимтиёз барои нақбканонро талаб доранд.

Дар ду ҳафтаи охир ин дувумин эътирози нақбканон дар вилояти Қарағанда аст. Охири моҳи ноябр дар як нақби дигар даҳҳо куҳкан эътироз карданд. Онҳо низ зиёдшавии музди меҳнат ва афзоиши нафақаро талаб доштанд. Баъдтар корфармо хабар дод, ки баҳси меҳнатӣ ҳал шудааст.

XS
SM
MD
LG