Масъулони шаҳрдории Душанбе зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Рустами Эмомалӣ дар бораи "натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018" суханронӣ хоҳад кард. Ҳамчунин қарор аст дар ин ҷаласа, тарҳи буҷети пойтахт барои соли 2018 ва лоиҳаи "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025" баррасӣ шавад.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми январи имсол раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Убайдуллоев тайи 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.
Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.