Пештар изҳороти Ҷалилов дар бораи чандҳамсарияш баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд. Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон хостанд, ки ба изҳороти муфтии пешин баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Баъдан ӯро пулис ду бор барои бозпурсӣ даъват кард.
Дар изҳороти Токтомушев омадааст, "мардуми мо аз қадим куҳансолони худро эҳтиром ва дар лаҳзаҳои душвор онҳоро дастгирӣ мекарданд. Бинобар ин, ҳамватанони азиз биёед тибқи ҳадиси Паёмбар, калонсолонро эҳтиром, хурдҳоро ғамхорӣ ва олимонро қадр кунем".
Ба гуфтаи муфтии Қирғизистон, "дар Ислом нафареро фиребу туҳмат ё таҳқир кардан гуноҳ аст. Албатта, ҳар кас барои амалҳои худ дар назди Худованд ҷавоб хоҳад гуфт. Дар Қуръон иҷозат дода шудааст, ки дар суратҳои зарурӣ мард метавонад чанд ҳамсар бигирад. Бинобар ин, донишманди мо Чубак Ҷалилов дар назди Худованд гунаҳкор нест".
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир, бо масъалаи хонаводагии муфтии пешини Қирғизистон ниҳодҳои дахлдори ин кишвар машғуланд. Ӯ аз сокинони кишвараш даъват кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна иттилои носанҷидаро нашр накунанд ва ҳама чиз дар вақташ дақиқ хоҳад шуд.