Ссылки доступа

Трамп: "Дар моҳ барои парвоз ба ҷаҳонҳои дигар пойгоҳ месозем"


Президенти ИМА Доналд Трамп 11 декабр "Фармон дар бораи сиёсати кайҳонӣ"-ро имзо кард. Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико -- NASA вазифадор карда мешавад, то барои "аз худ кардани кайҳон барномаи инноватсиониеро амалӣ кунад".

Санаи имзои фармони нав бо солгарди парвози маъмурияти кайҳоннавардони амрикоӣ ба воситаи киштии "Аполлон-17" рост омад. Ин парвоз 45 сол пеш, 11 декабри соли 1972 сурат гирифта, дар доираи барномаи "Аполлон" охирин парвоз ба моҳ буд.

Дар Кохи сафед бар инанд, ки тағйири сиёсати азхудкунии кайҳон "мусоидат мекунад, то ИМА як нирӯи ҳаракатдиҳандаи саноати кайҳонӣ гардад".

XS
SM
MD
LG