Фаъоли мадании маъруфи туркман аз шаҳри Ишқобод Наталия Шабунтс субҳи 11 декабр гуфт, тақдир ва маҳалли будубоши Кучеренко барои онҳо ҳанӯз ҳам номаълум аст.
Созмонҳое монанди Ташаббуси ҳуқуқи инсони Туркманистон (ТҲИТ) ва Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз тақдири Кучеренко изҳори нигаронӣ карданд.
"Бо назар дошти он ки дар бораи Кучеренко иттилое дастрас нест, амният ва рафоҳати ӯ моро хеле нигарон кардааст. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ба фаъолони ҷомеаи мадании Туркманистон хатарҳои аз ҳад зиёд таҳдид карда, дар ин кишвар таъқиби танқидгарон пурзӯр мешавад", - гуфт раҳбари ТҲИТ Фарид Тухбатуллин.
Нашрияи "Хроника Туркменистана" хабар дод, ки 7 декабр афроди ношинос худро кормандони пулис муаррифӣ карда, Кучеренко ва духтараш Валерияро аз манзили зисташон дар Ишқобод бо худ бурдаанд. Ин афрод гуфтаанд, ки онҳоро дар асоси шикояти яке аз ҳамсояҳояшон барои нигаҳдории сагу гурба дар хона бо худ мебаранд.
Нимаи дувуми он рӯз Валерияро баъди чанд соат раҳо карданд, аммо то ҳол аз Кучеренко хабаре нест. Валерия мегӯяд, он рӯз дар назди ӯ модарашро маҷбур карданд, ки баёнот нависад ва сипас вайро ба додгоҳ бурда, 50 манат (ҳудуди 12 доллар) ҷарима карданд. Ба гуфтаи Валерия, вақте ӯ ба хонаашон баргашт, тамоми ҳуҷраҳо кофтукоб шуда, сагу гурбаҳо набуданд.
Галина Кучеренко барои навиштаҳои танқидиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ин замон борҳо аз сӯи мақомот таҳдид шунидааст. Вай асосан аз қатли сартосарии ҳайвонҳои хонагӣ дар Туркманистон эътироз мекунад, инчунин барои дастрасӣ ба интернет ҳақталошӣ дорад.