11 декабр даҳҳо нақбкани ин ширкат баъди басти шабона бо нишони эътироз нахостанд аз нақб берун шаванд. Онҳо талаб доранд, ки музди меҳнаташон баланд ва шароити кориашон беҳ гардонида шавад. Баъдтар хабар дода шуд, ки коргарони чаҳор нақб дар ин эътироз ширкат доранд.
Ба гуфтаи Дуйсенова, гуфтугӯҳо бо коргарон идома доранд. "Каме дертар натиҷаи гуфтугӯҳо эълон мешавад", - афзуд Дуйсенова.