Ссылки доступа

Дар сафари Ҷээнбеков ба Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои марбут ба марз баррасӣ намешаванд


Дар сафари президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои марбут ба марз баррасӣ намешаванд. Ойзода Субакожоева, як масъули дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, гуруҳҳои кории муайянсозӣ ва аломатгузории марз ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

"Ҳуҷҷатҳои марбут ба қисмати боқимондаи марз ҳоло таҳия нашудаанд. Тавре медонед, гуруҳҳои кории ду ҷониб сари ин масъала кор мекунанд. Се моҳ гузашт. Наздики 40 километр марзи баҳсӣ ҳал шудааст. Аммо ин дафъа ҳуҷҷати ҷудогона дар мавриди марз имзо намешавад", - гуфт вай.

Сооронбой Ҷээнбеков бо роҳбарияти олии Ӯзбекистон - президент Шавкат Мирзиёев, сарвазир Абдулло Орипов ва раиси маҷлиси миллӣ Неъматулло Юлдошев мулоқот мекунад.

Аммо дар ин сафар чанд ҳуҷҷати дигар дар робита ба ҳамкориҳои молӣ, ҳамкориҳои илмӣ, ҳамкорӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра имзо мешавад.

Сафари Сооронбой Ҷээнбеков ба Ӯзбекистон рӯзҳои 13 ва 14 декабр дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG