Ссылки доступа

Дар Тошканд хабарнигори "Настоящее Время"-ро 6 соат бозпурсӣ карданд

Дар шаҳри Тошканд кормандони пулис рӯзноманигори мустақил Сид Янишевро, ки бо телевизиони "Настоящее Время" ҳамкорӣ мекард, боздошт кардаанд. Ӯ танҳо баъд аз 6 соати бозпурсӣ дар шуъбаи пулис ва пок кардани тамоми видеову аксҳои бардоштааш озод шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, Янишевро ба далели суҳбат бо сокинони биноҳое боздошт кардаанд, ки барои бунёди маҷмааи Тошканд-Ситӣ тахриб мешаванд. Мақомоти Ӯзбекистон ба ин сокинон таҳдид кардаанд, ки агар давоми 10 рӯз ихтиёран хонаҳояшонро тарк накунанд, иҷборан кӯчонида хоҳанд шуд.

Янишев дар суҳбат бо "Настоящее Время" гуфт, бо сокинони маҳаллӣ суҳбат ва суханҳои онҳоро дар дастгоҳ сабт карда, чанд акс ҳам бардошта буд. Вале ду корманди пулис ба наздаш омада, гуфтаанд, ки ӯ ҳаққи фаъолияти рӯзноманигориро надорад. Барои ин кор, вай бояд аз расонае ҳуҷҷат дошта бошад. "Дар Ӯзбекистон мафҳуми "рӯзноманигори мустақил" вуҷуд надорад", - гуфтаанд кормандони пулис.

"Ман танҳо вазифаи рӯзноманигории худро анҷом додам ва кори ғайриқонуние накардаам", - афзуд Янишев. Сид Янишев барои "Настоящее Время" чанд наворе омада кардааст, ки зиндагии воқеии мардумро дар Ӯзбекистон нишон медиҳанд.

Как сделать невозможное – купить доллары в Узбекистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:15 0:00

​Ӯ тавонистааст аз кӯчаҳое видеову акс бигирад, ки пулиси Тошканд на танҳо ба рӯзноманигорони бидуни парвона, балки барои сайёҳон ҳам наворбардории онҳоро иҷозат намедиҳад.

Фотофобия в Узбекистане: почему власти страны так боятся людей с фото и видеокамерами?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:37 0:00

XS
SM
MD
LG