Ссылки доступа

ИА таҳримҳои зидди Русияро ним соли дигар дароз карданист


Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе таҳримҳои иқтисодии зидди Русияро, ки ба далели ишғоли Қрим ва ҳимоят аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина эълом шудаанд, шаш моҳи дигар дароз хоҳанд кард. Дар ин бора Reuters бо истинод ба манобеи дипломатияш дар Брюссел иттилоъ додааст.

Муҳлати ин таҳримҳо, ки зидди бахшҳои дифоъ, молия ва энергетикаи Русия ҷорӣ шудаанд, охирҳои моҳи январи соли 2018 ба поён мерасанд. Интизор меравад, раҳбарони ИА онро то миёнаҳои соли 2018 дароз кунанд.

Москва мегӯяд, Қримро, ки соли 2014 ишғол кардааст, барнамегардонад. Кишварҳои Ғарб Русияро ҳамчунин дар ҳимоят аз ҷудоихоҳони шарқи Украина айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG