Ссылки доступа

Миттал ба эътирозгарон 30 дарсад маоши бештар ваъда кард

Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ҳудуди 500 нақбкани ширкати "Арселор Миттал Темиртау" (АМТ), ки се рӯз мешавад, корпартоӣ кардаанд, ҳанӯз ҳам розӣ нестанд, аз зери замин берун бароянд.

Субҳи 13 декабр ҳудуди 150 тани онҳо баъди ваъдаи мақомоти маҳаллӣ дар бораи боло бурдани ҳаҷми маошашон розӣ шуданд, аз нақбҳо берун оянд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, бахши умдаи нақбканон ҳанӯз ҳам ба иҷрои талабҳои худ пойфишорӣ доранд ва аз зери замин берун намеоянд.

"Дишаб бархе аз онҳо, ки вазъи саломатияшон барои идомаи эътироз дар ин гуна шароит иҷозат намедиҳад, берун шуданд. Баъзеи дигар низ аз нигоҳи равонӣ хаста шуда, аз нақбҳо баромаданд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки онҳо дигар иҷрои шартҳои худро талаб намекунанд. Ҳоло барои гуфтугӯ меравем", - гуфт нақбкан Сергей Галстер 13 декабр.

Раиси итифоқи касабаи ангиштканони "Коргау" Марат Мирғиёсов ҳам тасдиқ кард, ки бархе аз нақбканони норозӣ аз конҳо берун омадаанд.

"Дар рафти гуфтугӯ масъулони ширкат пешниҳод карданд, ки маоши нақбканонро вобаста ба мақоми корияшон аз 10 то 30% боло хоҳанд бурд. Мо хостем, барои ҳама якхел - 30 дарсадӣ боло баранд. Ҳамчунин исрор дорем, ки имсол маоши 13-ум низ пардохт шавад", - афзуд ӯ.

Кормандони "Арселор Миттал Темиртау" ҳанӯз моҳи августи соли равон масъалаи боло бурдани маошро ба миён гузошта буданд. Ба гуфтаи Мирғиёсов, Агар корфармо он замон сари вақт вориди гуфтугӯ мешуду нақшаҳои худро ба коргарон мефаҳмонд, имрӯз ин эътироз рух намедод.

XS
SM
MD
LG