Ссылки доступа

Имоме аз Тошканд пешниҳод кард, ба мансабдорон имкони тиҷорат дода шавад

Шермурод Тоғай, имоми яке аз масҷидҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, ки бо суҳбатҳои баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, ин бор пешниҳод кард, ба мансабдорон барои пешбурди тиҷорат қиръати замин ё мағоза дода шавад.

Вай гуфт, аз ҷиҳати моддӣ таъмин будани мансабдорони бахши диниву дунявӣ метавонад фасодкорӣ ва дуздии маблағи буҷаро пешгирӣ кунад. Ин пешниҳоди Шермурод Тоғай, ки дар саҳифаи Фейсбук нашр шуд, баҳси гармеро ба бор овард.

"Мансабдорон набояд дар фикри он бошанд, ки хонаводаашонро чӣ гуна таъмин мекунанд. Одамон бояд аз онҳо ба ваҷд оянда ва нисбати онҳо эҳтироми зиёд дошта бошанд", - навишт Тоғай.

"То замони шӯравӣ мо заминҳои вақф доштем. Барои мансабдороне, ки дар дарбор ё дигар ниҳодҳо фаъолият мекарданд, заминҳои махсус дода мешуд. Махсусан дар "Думробод" - маконе, ки ман ҳоло зиндагӣ мекунам, заминҳои махсуси котибони дарбори подшоҳ буданд. Қозиёт заминҳои вақфи худро дошт, ки ба қозиҳо ва дигар мансабдорон дода мешуд. Ин заминҳо ба он хотир ба мансабдорон дода мешуд, ки онҳо порахӯрӣ накунанд ва моли давлатро низ надузданд. Ҳарчанд ҷое ки инсон ҳаст, онҷо ҳатман ҳисси фасодкорӣ ҳаст", - гуфт вай.

28 ноябр Шермурод Тоғай тариқи Фейсбук пешниҳод кард, ки барои аъзои "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ҳукми қатл ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG