Ссылки доступа

ИМА мизбон шудани Бразилияро дар Олимпиадаи 2016 таҳқиқ мекунад

Бюрои федеролии пажуҳишии ИМА хабарҳо дар мавриди бо роҳҳои номашруъ мизбон шудани Бразилияро дар Олимпиадаи 2016 месанҷад, менависад нашрияи The Wall Street Journal.

Хабари харидуфурӯши раъйи аъзои Кумитаи байналхалқии Олимпӣ, порадиҳӣ барои анҷоми дигар хадамот дар давраи баргузории мусобиқаҳои олимпӣ ва пахши ҷараёни бозиҳо санҷида мешавад.

Пажуҳишро гуруҳи муфаттишоне пеш мебаранд, ки дар соли 2015 далелҳои фасодкории густардаро дар ҷаҳони футбол ва истифодаи допингро аз сӯи варзишкорони Русия ошкор карданд.

Амрикоиҳо бо дархости мақомоти Бразилия ва Фаронса ба ин пажуҳиш пардохтаанд. Дар натиҷаи кори муштараки онҳо моҳи октябр раиси пешини Кумитаи олимпии Бразилия Карлос Нузман боздошт шуд, ки дар харидани раъйи аъзои кумитаи байналхалқии олимпӣ даст дошт.

XS
SM
MD
LG