Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар ин бора фармон имзо кард.
"Ин тасмим дар робита ба Шартномаи дӯстии ҷовидонӣ миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 24 декабри соли 1994 қабул шуд", - хабар медиҳад ҳукумати Қирғизистон. "Ҳуҷҷати мазкур ба рушди туризм ва ҷалби сармоягузорон равона шудааст", - меафзояд ҳукумати Қирғизистон.
Ин чаҳор истироҳатгоҳ "Регҳои тилоӣ", "Олтин-Жай", "Энесей" - "Дилором"-и пешин ва "Бӯстон" ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, истироҳатгоҳҳои номбурда моликияти Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд ва танҳо барои истифодаи муваққат ба Ӯзбекистон дода мешаванд.