Ба хотири фаъолияти касбии худ 5 рӯзноманигор дар Русия , 1 нафар дар Украина, 2 нафар дар Қазоқистон, чаҳор кас дар Озарбойҷон ва як тан дар Қирғизистон зиндонӣ шудаанд. Аз ҳама бештар -- 73 рӯзноманигорро дар Туркия зиндонӣ кардаанд. Дар миёни кишварҳои шӯравии пешин, аз ҳама бештар -- 10 рӯзноманигор дар Озарбойҷон боздошт шудаанд.
Дар Қирғизистон рӯзноманигор Азимҷон Аскаров ҳанӯз ҳам дар зиндон аст. Додгоҳ ибтидои соли равон ҳукми абади ӯро барои даст доштан дар куштори пулис ва ангехтани адовати қавмӣ дар соли 2010 бетағйир гузошт. Худи Аскаров ҳукми худро сиёсӣ меноманд. СММ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch аз мақомоти Қирғизистон раҳоии ӯро талаб доранд.
Дар Қазоқистон раиси пешини Иттифоқи журналистони ин кишвар Сайидқозӣ Матаевро ҳамроҳи писараш Асет дар дуздии амволи давлатӣ айбдор ва зиндонӣ карданд. Вале Матаеви калонӣ моҳи декабр озод шуд.
Соли 2015 дар Туркманистон рӯзноманигор Сафармаҳмад Непескулиев, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт, бо ҷурми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани доруҳои мамнуъ боздошт ва се сол аз озодӣ маҳрум гашт. Тақдири ӯ ҳанӯз ҳам номаълум аст. Дар Ӯзбекистон рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ -- Бобомурод Абдуллоев, Дилмуроди Саид, Ҳаётхон Насриддинов ва Юсуф Рӯзимуродов зиндонианд.
Кумитаи ҳимоят аз журналистон афзуда, ки дар Русия хабарнигори ӯзбеки нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз ва рӯзноманигори украин Роман Сушенко низ таъқиб шудаанд.