Ссылки доступа

Мансабдорони ӯзбек таҳқиру дашноми зердастонро идома медиҳанд


Раиси ноҳияи Бози Ӯзбекистон Абдурашид Мамиров дар ҷаласаи ахири худ мудирони боғча, мактаб ва коллеҷҳои ноҳияро дашному таҳқир карда, онҳоро "ҳаромӣ, ҳайвон ва сагбачаҳо" меномад.

Ба гуфтаи яке аз иштирокдорони ҷаласа, аз ҳама бештар мудирони боғчаҳо дашном шунидаанд, зеро дастур дар бораи ташкили навбатдории шабонаро дар муассисаҳои томактабӣ иҷро накарда, ба ҷаласа ҳам дер омадаанд.

Ҳамсуҳбати мо навори садоии 6-дақиқаиеро аз рафти ҷаласаи раҳбари ноҳияи Боз ирсол кард ва ду мансабдори ноҳия низ тасдиқ карданд, ки дар навор Мамиров суҳбат мекунад.

Ба гуфтаи мудири яке аз мактабҳои Боз, дар ҷаласа сардори шуъбаи пулис ва додситони ин ноҳия ҳам иштирок доштанд, вале ҳатто ба дашному таҳқир шунидани мудирони зан ҳам вокуниш нишон надодаанд.

"Онҳое, ки дер омадед, бегоҳ боз ҷамъ мешавед. Худам рӯйхат хоҳам кард, ҳаромиҳо, ҳайвонҳо ва сагбачаҳо ...", - мегӯяд раиси ноҳия дар оғози ҷаласа. Сипас ӯ аз мудирони боғчаҳо хоҳиш мекунад, ки аз ҷойҳои худ хезанд ва дашному таҳқири онҳоро шуруъ мекунад.

"Ҳашароту ҳаромиҳо, то субҳ дар хонаҳоятон хоб равед. Намояндагони боғчаҳои №7, №23 ва №28 дар куҷоанд? Шумо, ду ҳаромӣ дар хона чӣ кор мекунед?", - таҳқир мекунад Мамиров мудирони ду боғчаро ва дастур медиҳад, ки онҳоро зуд аз кор озод кунанд.

Талошҳо барои тамос бо худи Мамиров бенатиҷа буданд. Корманди яке аз ниҳодҳои давлатии ноҳияи Боз гуфт, Мамиров чандин сол мешавад, дар миёни сокинон бо рафторҳои номуносибу дашном ва таҳқирҳояш маъруф аст.

XS
SM
MD
LG