Ссылки доступа

Русия ҳомии муҳоҷирони тоҷик Каромат Шариповро ихроҷ кард

Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”, ки иддао дорад, шаҳрванди Тоҷикистон нест, бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ ва ба кишвар фиристода шуд.

Манобеъ 13 декабр гуфтанд, ки Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид. “Вай аз Москва ба воситаи ҳавопаймои "Сибир авиалинии" ба Кӯлоб омад”, - афзуд манбаъ.

Наздикони Каромат Шарипов гуфтанд, ӯ тақрибан соати 4-и субҳ ба онҳо занг зада, гуфтааст, "ҳамроҳи мақомот ҳастам ва дертар тамос мегирам". Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ҳарфе нагуфтаанд.

Ихроҷи Каромат Шарипов 12 декабр дар пайи қарори додгоҳи вилояти Москва сурат гирифт. Ин додгоҳ қарори пешини додгоҳи Либеретски шаҳри Москваро ҷонибдорӣ кард, ки Шариповро ба нақзи муқаррароти будубош дар Русия айбдор ва ихроҷашро қонунӣ донист.

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки солҳои 1990-ум дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хидмат карда, як афсари нирӯҳои низомии Русия аст. Соли 2008 “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия”-ро ташкил дода, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои бозори “Садовод”-и Москва аз муҳоҷирон ҳимоят кардааст.

Дар пайи моҷарои марбут ба латту кӯби як муҳоҷири тоҷик дар моҳи сентябри соли равон дар маркази тиҷории "Люблино", додситонии Москва Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Ба ӯ ҳушдор доданд, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

XS
SM
MD
LG