Вай афзуд, ҷонибҳо дар мавриди таъсиси хати сайри нақлиёти ҷамъиятӣ, парвози ҳавопаймоҳо дар масири Бишкек-Тошканд ва Тошканд-Ӯш ба созиш расиданд. "Талабот зиёд аст. Мо мехоҳем, шумори парвозҳоро миёни Бишкек-Тошканд бештар кунем", - гуфт Мирзиёев.
Президенти Ӯзбекистон ҳамзамон хабар дод, ки дар мавриди гардиши қатора ҳам созиш ҳаст. "Қирғизистон Иссиқкӯл дорад. Шаҳрвандони мо хостанд, ки мо парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ монем, вале мо ба созиш расидем, ки гардиши қатораро то Иссиқкӯл ба роҳ монем. Дар масъалаи ҳамлу нақл мо ба пешрафти зиёд ноил шудем", - афзуд Мирзиёев.
Вай ҳамчунин гуфт, дар масъалаи марз ҳам пешравӣ ҳаст.
Сооронбой Ҷээнбеков 13 декабр вориди Тошканд шуд. Дар Тошканд Ҷээнбеков аз маконҳои таърихӣ ва ёдгорӣ дидан кард.
(сафари Ҷээнбеков ба Тошканд)