Масъулони додситонӣ 13 январ гуфтанд, ки зидди Давлатов бо бандҳои "истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол ё ба соҳибии каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест”, "фиреби истеъмолкунандагон ба миқдори махсусан калон" ва "хунукназарӣ" парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар сурати исботи айб Давлатовро ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда ё аз 2 то 5 соли зиндон мунтазир аст.
Шуҳрат Шарифов, як масъули раёсати “Тоҷикстандарт” дар минтақаи Кӯлоб гуфт, пас аз санҷиш маълум шуд, ки орд ба меъёр ҷавобгӯ нест. Вай афзуд: “дар таркиби орд кирму миттаи зинда ошкор шуд”.
Боздошти раҳбари корхонаи орди шаҳри Кӯлоб ва боз шудани парванда нисбат ба ӯ аз тарафи додситон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар гузашта ин корхона дар минтақа маъруф буд ва орди тавлиди он ба вилояти Бадахшон низ интиқол меёфт.
Валӣ Давлатов моҳи январи соли равон раиси корхонаи “Суғдиён” таъйин шуда буд.