Ссылки доступа

Падари бародарон Азимовҳо, гумонбарони теракти Петербург боздошт шуд

Ахрал Азимов, падари бародарон Азимовҳо, ки дар созмон додани ҳамлаи террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург айбдор мешаванд, дар шаҳри Москва боздошт шуд. Дар ин бора писари хурдии Азимов -- Билол хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, падарашро пулиси Москва дастгир кардааст. Билол Азимов мегӯяд, эҳтимолан падарашро барои он дастгир кардаанд, ки ӯ пайваста мегуфт, Хадамоти амниятии Русия ё ФСБ писаронаш -- Аброр ва Акрам Азимовҳоро ғайриқонунӣ боздошт кардааст ва онҳо гуноҳе надоранд.

Мақомоти қудратии Русия то ҳол боздошти Азимови калониро расман шарҳ надодаанд.

3 апрел дар қатори метрои Петербург ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки 14 кушта ва наздики 50 захмӣ бар ҷой гузошт. Муфаттишон мегӯянд, таркишро маргталаб Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия анҷом дод. Ҷамъан дар доираи парвандаи ин теракт 10 нафар, аз ҷумла бародарон Азимовҳо дастгир шудаанд. Онҳо, ки зодаи Қирғизистону шаҳрванди Русия ҳастанд, тамоми айбҳоро рад мекунанд.

Аброр Азимов моҳи июли соли равон хабар дод, ки ФСБ "як маҳбаси пинҳонӣ" дорад ва ӯро дар онҷо шиканҷа кардаанд. Вакили дифоъ Олга Динзе 24 июл аз Додситонии кулли Русия хост, то иттилоъ дар бораи “маҳбаси пинҳонӣ”-и ФСБ-ро тафтиш кунад.

XS
SM
MD
LG