Ссылки доступа

CPJ озодии фаврии Хайрулло Мирсаидовро талаб кард


Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки журналисти шинохта ва раҳбари тими ҳозирҷавобон (КВН) Хайрулло Мирсаидовро зуд аз боздошт озод ва тамоми айбҳои зидди ӯро бекор кунанд.

Роберт Маҳонӣ, раҳбари иҷроияи Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, эълони айб зидди Мирсаидовро интиқод кард. Ӯ гуфт, “дар ҷое, ки матбуоти озод ва садои интиқодӣ тақрибан вуҷуд надорад, журналистоне ба мисли Мирсаидов бояд барои кори муҳиме, ки анҷом медиҳанд, эътироф шаванд, на инки бо айбҳои сохта боздошт шаванд”.

Аз ин пеш, боздошти Мирсаидовро созмонҳои дигари байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон – Human Rights Watch ва Кумитаи ҳелсинки Норвегия ҳам маҳкум карда, ӯро “қурбонии нави таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат” номиданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зидди Мирсаидов баъди он айб эълон шуд, ки ӯ аз президенти Тоҷикистон даъват кард, то фасодкорӣ ва ришваталабии мақомоти маҳаллӣ санҷида шавад.

Хайрулло Мирсаидов 5 декабр дастгир гардида, бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва дархости мақомоти додситонӣ то поёни тафтишот ба ҳабс гирифта шуд. Вайро дар “азхудкунӣ ё исрофкорӣ”, "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ", "сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ" ва “дидаю дониста расонидани хабари дурӯғ" айбдор мекунанд.

Хайрулло Мирсаидов моҳи ноябри ҳамин сол бо мақомоти вилояти Суғд, ки маблағгузори аслии барномаҳои ҳунарии аъзои тими КВН буданд, вориди баҳсу даъво шуд ва ба воситаи расонаҳо эълон кард, ки дастаи "Сборная КВН Таджикистана" ба даври ниманиҳоии мусобиқаҳои КВН дар шаҳри Москва роҳ ёфтааст, вале барои сафар маблағ надорад. Ӯ гуфт, мақомот ҳам дар додани маблағи сафар таъхиркорӣ мекунанд.

Баъди бозгашт Мирсаидов дар як номаи кушод, ки як нусхаашро дар ихтиёри матубот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам гузошт, ба унвонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки мавриди санҷиши молии мақомот қарор гирифтааст. Мирсаидов дар ин изҳорот иддао кард, ки сардори раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд аз ӯ 1 ҳазор доллар ришва талаб кард ва баъди рад шудани талабаш мехоҳад, бо роҳи санҷиши молӣ ва муқассир баровардани Мирсаидов аз ӯ қассос бигирад.

XS
SM
MD
LG