Ссылки доступа

Бонки аврупоӣ барои навсозии Роҳи оҳани Тоҷикистон маблағ медиҳад

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) дар садад аст, ба идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон 26 миллион доллар бидиҳад. Ин маблағ, қарор аст, барои харидани вагон ва локомотивҳо сарф шавад.

26 миллион долларе, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба “Роҳи оҳан” ихтисос доданист, танҳо қисмате аз барномаи навсозии вагону локомотивҳои ин ширкати давлатӣ мебошад. Барномаи куллии навсозии вагону локомотивҳои “Роҳи оҳан” 109 миллион доллар муайян шудааст.

Антон Усов, раҳбари дафтари матбуоти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гуфт, дар оғози барнома бонк барои иҷрои ин тарҳ ихтисос додани 26 миллион долларро пешбинӣ кардааст. Ин барнома ба шӯрои роҳбарони бонк пешниҳод шудааст, ки рӯзи 28-уми феврали соли 2018, яъне баъди ду моҳ, тасдиқ хоҳанд кард. “Ин маблағ барои харидории вагон ва локомотивҳои дизелӣ равона хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, барнома навсозии 2 ҳазор вагон ва 40 локомотиви дизелиро дар бар мегирад. Аммо чун идораи “Роҳи оҳан” давлатӣ аст, давлат ҳам бояд дар ин барнома саҳм бигирад. То ҷое иттилоъ дорам, ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби худаш аллакай 900 вагони боркашон ва 8 локомотиви дизелӣ харидааст”, - гуфт ӯ.

Ин иқдоми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳолест, ки 4 сол қабл мақомоти Русия равуои қатораҳои Тоҷикистонро ба хотири куҳнаву фарсуда будани вагонҳо ва “вазъи антисанитарӣ дар дохили он” барои як муддат қатъ карда буданд. Қатъи равуои вагонҳо дар пайи тафтиши таҳти раҳбарии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар вилояти Астрахан сурат гирифт. Рогозин он замон қаторҳои Тоҷикистонро фарсуда номид ва гуфт, онҳо набояд дар қаламрави Русия ҳаракат кунанд.

Пас аз ин моҷаро идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон як локомотив ва вагонҳои як қаторро нав кард. Аммо қаторҳои дигари ин ширкат умдатан боқимонда аз замони Шӯравӣ ҳастанд, ки аксаран куҳнаву фарсуда шудаанд.

XS
SM
MD
LG