"Вакили дифоъ Майоров 14 декабр бо Абдуллоев мулоқот кард. Абдуллоев вақте хабар ёфт, ки наздики 35 созмони байналхалқӣ ба дифоъ аз вай садо баланд кардаанд, ашк рехтааст", - гуфт Сурат Икромов.
Бобомурод Абдуллоев гуфтааст, дар бозпурсиҳо эътироф кардааст, ки бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" матлаб навишта ба сомонаи сиёсатмадори мухолиф Муҳаммад Солеҳ ирсол мекардааст.
"Рӯзноманигор нақл кард, бо дархости сиёсатмадор мақолаи "Посух ба сулҳдӯстон"-ро навишт, ки дар он ин сатрҳо ҳастанд: "...режими Ислом Каримовро мешавад бо роҳи дахолати низомӣ сарнагун кард...". Абдуллоев ҳамчунин ба вакили дифоъ гуфтааст, дар чандин мақолааш соҳибкорон Равшанбек Салоев ва Шавкатҷон Оллоевро ҳамчун манбаъ истифода кардааст, ки бо кормандони Хадамоти амнияти миллӣ робитаи зич доранд. Аммо вай афзудааст, ки аз ислоҳоти Шавкат Мирзиёев ҳамеша ҷонибдорӣ мекард", - мегӯяд Сурат Икромов.
Дар посух ба суоли ин ки оё нисбати вай шиканҷа истифода шудааст ё на, Абдуллоев гуфтааст, на шиканҷаи равонӣ ва на ҷисмонӣ сурат нагирифтааст ва ҳамчунин шароити маҳбас низ хуб аст.
Бобомурод Абдуллоев охири моҳи сентябр аз сӯи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон боздошт шуд. Мақомоти мегӯянд, "Абдуллоев ба ҳайси фаъоли "Ҳаракти мардумии Ӯзбекистон" бо дастури роҳбари ҳаракати мазкур Муҳаммад Солеҳ аз соли 2011 ба ин сӯ бо ҳадафи сарнагунии сохти конститутсионии Ӯзбекистон мақола таҳия мекард".