Имсол ҷашнвораи мазкур ба Соли одоб, тарбия ва фарҳанг дар Қирғизистон бахшида шудааст.
Барномаи анҷуман аз се бахш, озмунҳои милливу байналмилалӣ ва озмуни миллии филмҳои анниматсионӣ иборат аст. Охирӣ бори нахуст аст, ки шомили барномаи анҷуман шудааст. Тамоми намоишҳо дар Хонаи синамои ба номи Чингиз Айматови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.
Ба ҳайати доварони анҷуман филмсозони машҳури Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия шомил гаштаанд. Дар доираи анҷуман наворҳои таҳиякардаи коргардонҳои ҷавони қирғиз бахшида ба Соли одоб, тарбия ва фарҳанг низ намоиш дода хоҳанд шуд.