Ба гуфтаи Путин, ин иттилоъ ба Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ кумак кард, то ду гумонбареро боздошт кунад, ки мехостанд, ба воситаи маргталабон дар калисои ҷомеи Қазони Санкт-Петербург ва маконҳои дигар ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии Кремл, президенти Русия рӯзи якшанбе ҳангоми суҳбати телефонӣ аз ҳамтои амрикоияш хост, миннатдории ӯро шахсан ба раҳбарияти Идораи марказии иктишофӣ бирасонад.
Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаи худ дар Кремл иттилоъ дод, ки Путин ҳамчунин ба Трамп гуфтааст, агар ҷониби Русия иттилоеро дар бораи омодагӣ ба теракт дар ИМА дарёфт кунад, ба монанди солҳои пешин ҷониби Амрикоро огаҳ хоҳад кард.
14 декабр хабар дода шуд, ки 7 нафар бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Санкт-Петербург боздошт шуданд. Дар миёни онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, Доғистон ва Ингушистон низ ҳастанд. Бархе аз боздоштшудаҳо ин айбро рад карда, мегӯянд, силоҳҳоро худи хадамоти махсуси Русия партофтаанд.