Ссылки доступа

Задухӯрди ҷонибдорони Саакашвилӣ бо кормандони пулис дар Киев (видео)

Ҷонибдорони президенти пешини Гурҷистон ва собиқ раҳбари вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ 17 декабр талош карданд, дар шаҳри Киев ба қасри Октябр ворид шаванд. Ин талош баъди роҳпаймоии навбатӣ бо талаби эъломи нобоварӣ ба президенти Украина Петр Порошенко сурат гирифт.

Эътирозгарон мехостанд, дар бинои қасри Октябр ситоди худро таъсис диҳанд. Дар натиҷа миёни онҳо ва кормандони пулис задухӯрд ба миён омада, чанд нафар захмӣ шуданд. Баъди ҳамлаи ноком як қисми тазоҳургарон ба назди бинои порлумони Украина баргаштанд ва Саакашвилӣ ҳодисаи қасри Октябрро "ҳангома" номид.

Ин бори севум аст, ки моҳи декабри соли равон дар маркази Киев ҷонибдорони Саакашвилӣ "Роҳпаймоии нобоварӣ" баргузор мекунанд. Вале дар роҳпаймоии ахир нисбат ба эътирозҳои пешин шумори камтари ҷонибдорони раҳбари пешини вилояти Оддеса иштирок доштанд.

Саакашвилӣ гуфт, дар гуфтугӯ бо мақомоти Украина масъалаи сулҳ матраҳ нахоҳад шуд. Ҷонибдорони президенти пешини Гурҷистон истеъфои додситони кулли Украина Юрий Лутсенко, таъсиси додгоҳи зиддикоррупсионӣ ва эъломи нобоварӣ ба президен Порошенкоро талаб доранд.

Чанде пеш маълум гашт, Саакашвилӣ бо ирсоли як нома ба Порошенко гӯиё пешниҳод кардааст, ки сулҳ кунанд. Раиси Ҳизби "Мавқеи шаҳрвандӣ" Анатолий Гритсенко ин хабарро тасдиқ карда, аз ҷонибдорони Саакашвилӣ даъват кард, ки вайро барои тасмими ғайричашмдошт сарзаниш накунанд.

Дар Киев эътирозҳо бо иштироки Саакашвилӣ аз 17 октябр ба ин сӯ идома доранд. Он рӯз тазоҳургарон дар назди бинои порлумони Украина хайма заданд, ки то имрӯз ҳастанд.

XS
SM
MD
LG