Ссылки доступа

Чин шаҳрванди маҳкум ба ҳабси абадро ба Қазоқистон истирдод кард


Чин шаҳрванди маҳкум ба ҳабси абади Қазоқистонро ба Остона истирдод кард. Дар ибтидо мақомоти Чин барои шаҳрванди Қазоқистон ҳукми қатл дода буданд, вале баъдтар онро ба ҳабси абад иваз карданд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад.

Анвар Жайнаков, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар саҳифаи Фейсбук хабар дод, ки аз шаҳри Урумчии Чин 15 декабр зодаи вилояти Акмолин истирдод шуд.

Номи ин шаҳрванд зикр намешавад. Аммо гуфта мешавад, шаҳрванди Қазоқистон соли 2009 бо айби интиқоли маводи мухаддир боздошт шуда буд.

Додситонии Қазоқистон мегӯяд, шаҳрванд идомаи ҳукмро дар зиндонҳои Қазоқистон адо хоҳад кард.

Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон дар бораи истирдоди чанде аз шаҳрвандони Қазоқистон аз Чин хабар дода буданд. Соли 2015 Чин шартномаи истирдоди зиндониёнро бо Қазоқистон қабул кард. Бино бар иттилои мақомот, аз моҳи августи соли 2015 то кунун аз Чин ба Қазоқистон 15 зиндонӣ истирдод шудааст.

XS
SM
MD
LG