Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон $15 млн медиҳад


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ қарор дар бораи кумаки иловагӣ дар ҳаҷми $15 млн-ро барои рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ кард.

Лоиҳа ба густариши имкониятҳои кишоварзон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ равона шудааст.

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки "истифодаи имкониятҳо барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ иқтидори корхонаҳоро зиёд мегардонад ва дар деҳот ҷои корро бештар мекунад".

Хабар дода мешавад, ки аз ин пеш Эътилофи байналхалқии рушд барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 22 миллион доллар ҷудо карда буд. Дар доираи лоиҳаи мазкур бештар аз 1000 кишоварз, хоҷагиҳои хурду бузурги кишоварзӣ кумак дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG