Ссылки доступа

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони террооризм дар Петербург

Кремл эълон кард, ки бо кумаки созмони истихборотии Амрико ё CIA аз чанд ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург пешгирӣ шудааст. Дар иттилоияи ҳукумати Русия гуфта мешавад, гумонбарон қасд доштанд дар калисои Қазони Санкт-Петербург ва чанд ҷои дигари серодами ин шаҳр ҳамла анҷом диҳанд.

Яке аз ин боздоштшудаҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Мақомоти Русия ҳувияти боздоштшудаҳоро эълон карда ва мегӯянд, ки онҳо -- Шомил Омаргаджиев аз Доғистон, Алисхан Эсмурзиев аз Ингушистон ва Фирӯз Калавуров аз Тоҷикистон ҳастанд. Мақомоти тоҷик то ба ҳол дар мавриди шаҳсияти Фирӯз Калавуров изҳори назар накардаанд.

Рӯзи ҷумъа мақомот Евгений Ефимов -- фардеро, ки эътироф кардааст ба таври ғайриқонунӣ барои таркиш дар калисои Қазон маводи тарканда месохтааст, боздошт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, президенти Русия аз ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп ба хотири кумакҳои истихборотии созмони CIA барои хунсо кардани як силсила бамбгузориҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, изҳори сипос кардааст.

XS
SM
MD
LG