Ссылки доступа

ИМА барои воридшавии Ӯзбекистон ба СҶТ кумак мекунад

ИМА ва Ӯзбекистон ба созиш расиданд, ки Вашингтон дар раванди воридшавии Тошканд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Вазорати тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ доданд.

Созиш дар рафти гуфтугӯи вазоратҳои ду кишвар ба миён омадааст. Дар ин гуфтугӯҳо аз ҷониби Вашингтон намояндаи ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ М. Линскотт иштирок дошт.

Миёни Вазорати тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон ва палатаи савдои ИМА барои иҷрои тамоми вазифаҳо тамоси доимӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Пештар хабаргузори Regnum бо истинод ба Вазорати тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки 23 ноябр дар ҷараёни боздиди президент Шавкат Мирзиёев аз Куриёи Ҷанубӣ барои мусоидат дар воридшавии Тошканд ба СҶТ ёддошт ва "харитаи роҳ" имзо шудааст.

XS
SM
MD
LG