Ссылки доступа

Мақомоти Туркманистон аз "фаровонии озуқаворӣ" ҳисобот доданд


Мақомоти Туркманистон аз таъмини фаровонии озуқаворӣ ва пур будани бозори дохилӣ ҳисобот медиҳанд. Аммо бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар ин кишвар камбуди ғизо ва болоравии нархи баъзе аз маҳсулот мушоҳида мешавад.

Роҳбари Туркманистон дар ҷаласаи ҳукуматаш дар бораи муҳим будани густариши истеҳсоли дохилӣ зикр кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон барои таъмини истеҳсоли дохилӣ ба мақомоти кишвараш дастур додааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон камбуди орд, равған ва тухми мурғ мушоҳида мешавад. Ибтидои моҳи декабр дар чанде аз вилоятҳои Туркманистон дар мағозаҳо орд камёфт шуд ва қимати нон якбора, 50 дарсад боло рафт.

XS
SM
MD
LG