Ба огаҳии Кумитаи давлатии саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон, ин тарҳ бар ивази 1,2 миллиард доллар иҷро шуда, қарор аст, корҳои сохтмонии он охирҳои соли 2019 оғоз шаванд. Муҳлати иҷрои тарҳ 3 сол муайян гаштааст.
Хати лӯлаи мазкур гази Туркманистонро тариқи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Чин интиқол медиҳад.
Дарозии он дар ҳудуди Қирғизистон 215 километрро ташкил медиҳад.