Ссылки доступа

ИМА: Куриёи Шимолӣ ҳамлаи компютерии моҳи майи 2017-ро ташкил кард

Ҳукумати Доналд Трамп ба хулоса омад, ки ҳамлаи компютерии сартосарии моҳи майи соли 2017-ро Куриёи Шимолӣ ташкил кардааст.

Он замон вируси тамаъҷӯ бо номи WannaCry компютерҳои беморхонаҳо, мактабҳои олӣ ва муассисаҳоро дар чандин кишвари ҷаҳон аз кор баровард. Ҳамлагарон аз соҳибони компютерҳо пул талаб карданд ва гуфтанд, дар сурати рад кардани ин талаб, иттилои дохили компютерҳоро оммавӣ хоҳанд кард.

"Вирус миллиардҳо доллар зиён овард ва далелҳо собит мекунанд, ки ин кори дасти Куриёи Шимолӣ аст", - навишт ёвари президенти ИМА Том Боссерт дар нашрияи The Wall Street Journal. Ба гуфтаи вай, аз ин хулоса ҳукумати Бритониё ва ширкатҳои хусусие пуштибонӣ мекунанд, ки дар соҳаи бехатарии компютерӣ фаъолият доранд.

Вашингтон дар ҳолатҳои нодир давлатҳоро дар ҳамлаи компютерӣ айбдор мекунад. Ин иқдоми ҳукумати Трамп шаҳодати он аст, ки Кохи сафед тасмим дорад, ҳамроҳ бо ҳукуматҳо ва ширкатҳои хусусӣ дар кишварҳои ҳампаймон, зидди ҳамлаи компютерӣ мубориза барад, мегӯянд коршиносони амрикоӣ.

Ҳукумати Барак Обама режими Ким Чен Инро дар ташкили ҳамлаи киберӣ дар соли 2014 ба компютерҳои ширкати филмсози Sony Pictures айбдор кард. Ин ширкат филми мазҳакавии The Interview-ро дар бораи куштори роҳбари Куриёи Шимолӣ таҳия карда буд. Соли гузашта, бино бар иттилои расонаҳо, ҳамлагарони компютерии Куриёи Шимолӣ аз Бонки марказии Бангладеш бештар аз 80 миллион доллар ва моҳи октябри соли ҷорӣ аз бонки Far Eastern International-и Тайван 60 миллионро рабуданд. Вақтҳои охир ҳамчунин ҳамлаи рахнагарони Куриёи Шимолӣ ба биржаҳое афзудааст, ки пули рақамии биткоин савдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG