Ссылки доступа

Боздошти сокини Алмато барои хабари бардурӯғи бомгузорӣ


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон як ҷавони 22-сола бо ҷурми расонидани хабари бардурӯғ дар бораи бомбгузорӣ боздошт шудааст.

Ба огаҳии Департаменти умури дохилии Алмато, ин ҷавон бо кормандони пулис тамос гирифта гуфтааст, яке аз коргоҳҳои воқеъ дар кӯчаи Байтурсунови шаҳр бомбгузорӣ шудааст.

Вале дар натиҷаи амалиёти кормандони пулис, ин хабар тасдиқи худро наёфтааст ва ҷавонро ҳам дертар дастгир кардаанд.

Дар Қазоқистон расонидани хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ҷиноят аст.

XS
SM
MD
LG