Ссылки доступа

Путин ба Саймумин Раҳимов ва ҳамкоронаш чӣ гуфт? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 19-уми декабри 2017 (HD)

- Путин ба Саймумин Раҳимов ва ҳамкоронаш чӣ гуфт? Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 19-уми Маскав бо вазирони умури дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ сӯҳбат кард ва гуфт, ки мубориза бо терроризм аз авлавияти кори онҳо боқӣ мемонад. Видео бе тарҷума ва бидуни шарҳ аст.(видео)

- Дар Душанбе беҳтаринҳои кибер-спорт муайян шуд. Исми кибер-спорт барои Тоҷикистону тоҷикистониҳо вожаи нав аст. Бо ин ки дар ин кишвар ҷавонон муддатҳо пеш бо ин навъи варзиши компютерӣ ошно шудаанд, барои нахустин бор аст, ки як сабқати ҷумҳуриявии беҳтаринҳо дар кибер-спорти Тоҷикистон баргузор шуд (видео)

- Осиё: ҳамла ба телевизион ва миллионерҳои Ӯзбекистон. Пулис ва судиҷрочиён ҳабси амволи телевизиони марбут ба номзади мағлуб дар интихоботи президентии Қирғизистонро талаб доранд. Дар Ӯзбекистон бори нахуст маоши ҳадди миёнаи шаҳрвандонро эълом карданд. (видеои Настоящее время)

- Кайҳоннавардони русу амрикоӣ ва ҷопонӣ ба ҷойи лозимӣ расиданд. Се кайҳоннавард баъди ду рӯзи партоб ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ расиданд. Антон Шкаплеров аз Русия, Норишиге Канаӣ аз Ҷопон ва Скот Тингл аз Амрико рӯзи 19-уми декабр бо киштии кайҳонии Союз ба истгоҳ васл шуданд. Киштии онҳо аз пойгоҳи Байконури Қазоқистон партоб шуд. (видео)

- Магар арақ ҳарому чарс ҳалол аст? Дар Покистон дуд додани чарс як кори роиҷ аст ва мардон ва ҳатто занони зиёде чарс мекашанд. Чаро дар ин кишвари исломӣ ба дуд додани чарс, ки Ислом ҳаром медонад, чашм мепӯшанд? (видео)

- Сӯрохӣ дар киштии ҷангии Бритониё. Ба навиштаи рӯзномаи САН дар як соат ба зери киштӣ 200 литр об ворид мешавад. Киштии Малика Элизавета, аз киштиҳои пешрафтаи навъи нав аст, ки дар Шотландия сохтаанд. (видео)

- Додгоҳ Шикмаматовро 5 млн сом ҷарима кард. Раҳбари ҷиноҳи мухолифи "Ота-Макон" Алмамбет Шикмаматов бар пояи бандҳои 30 ва 304-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон айбдор эълом шуд. (видео аз Директ)

- Дар Андиҷон бакорати хонандагонро ташхис мекунанд. Дар шаҳри Андиҷони Узбакистон баъди ошкор шудани ҳомиладории як хонандаи синфи 9-ум санҷиши бакорати донишомӯзон тақвият ёфт. Дар ин бора омӯзгорони мактаби рақами 6-и Андиҷон ва фаъолони маданӣ хабар доданд (видео)​

- Дар аёлати Вашингтон сабабҳои садамаи маргбори қаторро тафтиш доранд. (видеои Настоящее время)

- Гумонбарони "парвандаи Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро тамоми рӯз бе обу ғизо нигоҳ медоранд. Вакилони дифои гумонбарон дар Боғчасарой мегӯянд, масъулони боздоштгоҳ ҳуқуқи шахсони зери ҳимояи онҳоро поймол мекунанд. (видео аз Директ)

- "Баҳори русӣ" ва оғози таъқиби тоторҳои Қрим. То имрӯз номи 6 фаъоли тоторҳои Қрим ба рӯйхати ҳалокшудаҳо шомил гашта, 18 тан бедарак ва 25 кас ба терроризм айбдор шудаанд. Садҳо тотори дигарро ё ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд ё хонаҳояшонро бозҷӯӣ кардаанд. (видео аз Директ)

- ФСБ гумонбарони омодагӣ ба терактро дар Петербург боздошт кард. (видео)

- Соли 2017 наздики 400 кӯдаки фирорӣ аз Африқо ба Аврупо дар нимароҳ фавтидаанд - ЮНИСЕФ. Дар ҷаҳон рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил мешавад (видео аз Директ)​

- "Кобули хурд" дар Москва. Москва барои ҷамъияти бузурги афғонҳо сарпаноҳ шудааст. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG