Ссылки доступа

Бабанов ҳабси амволи телевизионашро ғасби рейдерӣ номид


Раиси Ҳизби "Республика" ва вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Бабанов қарори додгоҳи шаҳри Бишкек дар бораи ҳабси амволи телевизиони НТС-ро шарҳ дод.

"Як ҳодисаи тасаввурнопазир! Телевизиони НТС-ро ба тариқи рейдерӣ ва истифодаи додгоҳ мехоҳанд ғасб кунанд. Наход мо то ба ин сатҳ расида бошем, ки дар Қирғизистон аз манофеи Максим Боқиев ҳимоят кунем? Магар санадҳои ҳуқуқӣ порчаи коғазу адолат ҳеч шудаанд", - навиштааст Бабанов дар Фейсбук.

Шаби 19 декабр судиҷрочиён ҳамроҳи кормандони пулис ба коргоҳи НТС дар Бишкек омада, қарори додгоҳро қироат карданд, ки ҳабси амволи телевизионро пешбинӣ мекунад. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ширкати Grexton Capital LTD аз телевизион шикоят кардааст.

Телевизиони НТС ба Омурбек Бабанов тааллуқ дорад. Худи Бабанов баъд аз интихоботи президентӣ Қирғизистонро тарк карда, Додситони кулли ин кишвар зидди ӯ парванда боз кард. Сиёсатмадори мухолифи қирғиз 13 ноябр аз раҳбарии ҳизби "Республика-Ота-Журт" истеъфо дод.

Масъулони додгоҳ низ дар навбати худ қарори марбут ба НТС-ро шарҳ доданд. Сухангӯи Департаменти додгоҳӣ Назира Сагиналиева гуфт, "дар инҷо ҳеч гуна ғасбкорие нест. Амволи НТС барои он ҳабс мешавад, ки ба хотири ҳифз шуданаш дар ихтиёри шахсони боварбахш қарор гирад".

Ҷузъиёти шикояти Grexton Capital LTD аз НТС феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG