“Як гурӯҳ аз харидорон намехоҳанд, ки рақами телефонашонро ба мо бидиҳанд. Агар маълумоташро надиҳад, мо низ ба ӯ маҳсулот намефурӯшем. Танҳо баъди овардани шиноснома ба ӯ маҳсулот фурӯхта мешавад. Ба мо аз боло гуфтанд, ки касе мех ё карбит харидорӣ кунад, ӯро қайд кунед. Мо танҳо фармонро иҷро мекунем”, - афзуд ин соҳибкори тоҷик.
Барои ба қайд гирифтани муштариёнаш Нарзуллоҳ Холиқов дафтари алоҳида ташкил кардааст ва ҳамарӯза ба он исме афзуда мешавад. Дафтари ӯ аз ҷониби нозирони минтақавӣ муҳргузорӣ ва дӯхтаву қайд шудааст. Он 78 варақ дорад. Ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, ҳар сари чанд вақт аз мақомоти корҳои дохилӣ нозирони минтақавӣ махсус омада, дафтарро тафтиш мекунанд. Аз ҷониби дигар, Нарзуллоҳ Холиқов мегӯяд, аз шеваи нави кор на он қадар хурсанд аст, зеро мушоҳида мекунанд, ки чигуна муштариёни бидуни шиноснома бе маҳсулот аз дӯкони ӯ хориҷ мераванд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи худаш “маҳсулоти овардааш ғарам-ғарам хоб аст.”
“Як гурӯҳ аз харидорон намехоҳанд, ки рақами телефонашонро ба мо бидиҳанд. Агар маълумоташро надиҳад, мо низ ба ӯ маҳсулот намефурӯшем. Танҳо баъди овардани шиноснома ба ӯ маҳсулот фурӯхта мешавад. Ба мо аз боло гуфтанд, ки касе мех ё карбит харидорӣ кунад, ӯро қайд кунед. Мо танҳо фармонро иҷро мекунем”,-афзуд ин соҳибкори тоҷик.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дастури нав ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани ҷиноятҳои хусусияти терористидошта гирифта шудааст. Як мақоми масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки гуфт, ҳаққи сӯҳбат бо матбуотро надорад, вале вуҷуди дастури вижа дар ин заминаро тасдиқ кард. Ин мақоми масъул гуфт, дастури бақайдигирии харидорони маҳсулоти сохтмонӣ ба хотири пешгирии кирдорҳои ҷинояткорона гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли пеш аз панҷ талоши пиёдасозии амали террористӣ дар қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, тарҳрезони ин амалҳо ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” буданд, ки мехостанд бо истифода аз балонҳои газ ва кислород, чанд бинои маъмурӣ, бо шумули бинои пулисро, битарконанд.