Ссылки доступа

Қазоқистон ҷаримаи нақзи қоидаҳои ҳаракатро поин мебарад

Вакилони маҷлиси Қазоқистон имрӯз ба эроди ҳамкорони худ аз палатаи болоии порлумони ин кишвар дар бораи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ розӣ шуданд, ки сабуктар кардани ҷазои баъзе аз қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳоро пешбинӣ мекунад.

Дар лоиҳа пешниҳод шудааст, ки ҷаримаи суръати баланди ҳаракат дар роҳ поин бурда шавад. Агар дар қонуни феълӣ барои бо суръати бештар аз 10 то 20 километр дар як соат ҳаракат кардан 10 нишондиҳанда (баробар ба 2 ҳазору 269 танга) пешбинӣ шуда бошад, дар лоиҳаи нав он то ба 5 нишондиҳанда поин оварда шудааст.

Ҳамчунин лоиҳа ҷаримаи "нақзи қоидаҳои ҳаракат ҳангоми убури чорроҳа"-ро аз 10 нишондиҳанда ба се то поин хоҳад овард. Дар қонуни амалкунанда барои ҳаракт ба самти муқобил маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати як сол муқаррар шудааст. Вале дар лоиҳа ин муҳлат то ба шаш моҳ кам гаштааст.

Додситонии кулли Қазоқистон ибтидои соли равон пешниҳод кард, ки ҳаҷми ҷаримаҳо барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо поин оварда шавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, афзоиши ҷарима ба коҳиши қоидавайронкуниҳо мусоидат нахоҳад кард. Додситонӣ намуна овардааст, ки даромади сокинон кам шуда, ҳаҷми баъзе аз ҷаримаҳо тайи 15 соли ахир тақрибан 10 баробар боло рафтааст.

Қазоқистон аз нигоҳи теъдоди садамаҳои маргбори нақлиётӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон яке аз аввалинҳост.

XS
SM
MD
LG