Ба ҷуз ин, сардори пулиси шаҳри Аргуни Чеченистон Аюб Катаев ҳам шомили рӯйхати мазкур шудааст. Ӯ ба таъқиб ва шиканҷаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистон айбдор аст. Вазорати молияи Амрико низ шаҳрвандони Русия Андрей Павлов, Алексей Шешеня ва Юлия Майороваро ба рӯйхат ворид кардааст.
"Эъломияи Магнитский"-ро Конгресси ИМА соли 2012 қабул карда, Бритониё низ гузинаи худро дорад. Литва ва Канада ҳам моҳи ноябри соли равон ин гуна қонунро қабул карданд.
Санад ба номи ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский гузошта шудааст. Ӯ як нақшаи бузурги дуздии пули буҷаи Русияро ошкор карда буд. Мақомоти рус Магнитскийро ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд ва вай соли 2009 дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Москва ба далели нарасонидани ёрии тиббӣ ҷон дод.
Ба "рӯйхати Магнитский" номи шахсоне ворид карда мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.