Ссылки доступа

Эътилофи зидди шиканҷа аз ҳукумат хост, Мирсаидовро раҳо кунад


Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 20 декабр бо нашри як изҳорот аз шеваи боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик нигаронӣ кард.

Дар изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки тафтиши парвандаи Мирсаидовро мунсифона анҷом дода ва ӯро бо вакили дифоъ таъмин намояд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, агар Мирсаидов барои истифодаи ҳуқуқи худ ба озодии ақида боздошт шуда бошад, бояд “фавран ва бе чунучаро” озод шавад. Ин эътилоф айни замон аз мақомот даъват кардааст, ки парвандаи Мирсаидовро ошкоро баррасӣ намоянд ва натиҷаҳои онро дастраси умум гардонанд.

Хайрулло Мирсаидов 5 декабр барои сӯҳбат ба додситонии вилояти Суғд даъват ва боздошт гашт. 8 декабр аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ӯ барои нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, гумонбар эълон шуд.

Боздошти Мирсаидовро раиси Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон - НАНСМИТ маҳкум кард. Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки Мирсаидов фавран аз боздошт озод ва тамоми айбҳои ӯ бекор карда шаванд.

Мирсаидов моҳи ноябри имсол бо мақомоти вилояти Суғд, ки маблағгузори аслии барномаҳои ҳунарии аъзои тими КВН буданд, вориди баҳсу даъво шуд ва ба воситаи расонаҳо эълон кард, ки дастаи ӯ ба даври ниманиҳоии мусобиқаҳои КВН дар шаҳри Москва роҳ ёфтааст, вале барои сафар маблағ надорад. Ӯ гуфт, мақомот ҳам дар додани маблағи сафар таъхиркорӣ мекунанд.

Баъди бозгашт Мирсаидов дар як номаи кушод ба унвонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки мавриди санҷиши молии мақомот қарор гирифтааст. Ӯ гуфт, сардори раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд аз ӯ 1 ҳазор доллар ришва талаб кард ва баъди рад шудани талабаш мехоҳад, бо роҳи санҷиши молӣ ва муқассир баровардани Мирсаидов аз ӯ қассос бигирад.

XS
SM
MD
LG