Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси телевизион Амантур Абдраҳмонов, муҳрзанӣ аз утоқи кории мудири кул шуруъ шуд.
Дар посух ба суоли он ки оё телевизион фаъолияташро идома медиҳад, ҳуқуқшинос гуфт, дар фармони додгоҳ муҳр задани амвол навишта шудааст. Амвол барои нигаҳдорӣ ба ихтиёри кӣ дода мешавад, ҳоло дақиқ нест. "Агар онро ба мо диҳанд, пас метавонем корро идома диҳем. Судиҷрочиён нагуфтанд, ки ба кӣ медиҳанд. Агар ба каси дигар диҳанд, пас наметавонем фаъолият кунем", - гуфт вай. Ҳуқуқшинос афзуд, дар он сурат телевизион баста мешавад.
Шаби 19 декабр судиҷрочиён дар ҳалқаи пулис ба шабакаи телевизионии НТС ҳозир шуданд ва қарори додгоҳро нишон доданд. Дар қарор омадааст, ки амволи телевизион бояд ҳабс шавад. Додгоҳ мегӯяд, ширкати GREXTON CAPITAL LTD телевизионро ба додгоҳ кашидааст.
Сухангӯи додгоҳ Назира Сагиналиева мегӯяд, "телевизион ғасб нашудааст". Аммо вакили порлумон Омурбек Бабанов, ки дар интихоботи президентии 15 октябр ҷойи дувумро касб кард, мегӯяд НТС-ро "ғасб мекунанд".